Р. Маҳмадов: зиёда аз 160 нафар дар Русия ба кор таъмин шуд
Душанбе, 25.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз дар Федератсияи Русия ҳамватанони бурунмарзии мо дорои корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои хусусӣ буда, барои бо ҷойи кор таъмин гардидани муҳоҷирони тоҷик саҳмгузоранд. Яке аз чунин шахсон Ривоҷиддин Маҳмадов, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ мебошад, ки 20 сол аст бо аҳли оилааш дар вилояти Челябински Федератсияи Русия кору зиндагӣ дорад. Ӯ соли 2000-ум ширкати «Агро-союз»-ро таъсис дода, ҳамватанони худро бо кор таъмин намуд.
— «Ширкати мо асосан дар самти сохтмон ва соҳаи кишоварзӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Имсол мо зиёда аз 160 муҳоҷири тоҷикро ба кор ҷалб намудем, ки аз онҳо 60 нафараш сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мебошанд. Барои кормандон шароити хуби корӣ ва ҷойи хоб муҳайё шудааст. Ҳар як корманд вобаста аз кори худ ҳар моҳ аз 25 то 45 ҳазор рубли русӣ маош мегирад. Ҳамчунин мо барои ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои онҳо ва дастрас намудани патент ҳамаҷониба мусоидат намудем»,-мегӯяд Р.Маҳмадов.
Ривоҷиддин Маҳмадов мегӯяд, ки ҳарчанд берун аз Ватан зиндагӣ кунад ҳам, ҳамеша бо ёди Тоҷикистон аст ва аз ҳар дастоварду пешравиҳои ватанаш ҳушҳол мегардад.
Номбурда ният дорад, ки дар оянда боз теъдоди бештари ҳамватанони худро бо ҷойи кор ва маоши арзанда таъмин намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






