Ректори ДСРТ: Донишгоҳи мо бо 9 донишгоҳи хориҷӣ шартнома дорад
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон марз ва мавзӯи байналхалқии муносибатҳоро васеъ менамояд. Дар марҳалаи ҳозира донишгоҳ бо 75 донишгоҳи хориҷӣ шартнома дорад. Дар давраи ҳисоботӣ 9 созишнома бо донишгоҳҳои Кипр, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония баста шудааст,- иброз дошт ректори донишгоҳ Нуралӣ Салихов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаҳои барномаҳои омӯзишии байналхалқӣ амалӣ гардиданд ва Донишгоҳи шабакавии ИДМ, Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, лоиҳаҳои «UNICO» дар доираи лоиҳа таъсис дода шуданд.
Маркази омӯзиши забони англисӣ UNICO бо ҷалби мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили сатҳи дониш ва малакаи тахассусӣ аз рӯи забони англисӣ фаъолият дорад, ки дар он барои 12 корманди «Ориёнбонк» забони англисӣ омӯзонида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






