Роҳандозии интиқоли ангишт ба воситаи роҳҳои ҳавоии танобӣ дар конҳо

Июль 11, 2015 05:14

Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Бо дастури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷониби  КВД “Ангишт”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Ростовгипрошахт” лоиҳаи Барномаи рушд, асосноккунии иқтисодию техникӣ ва тартиби истихроҷу коркарди захираҳои саноатии ангишт дар конҳои “Фон-Яғноб” қитъаи “Карйерний”, “Зиддӣ”, қитъаи “Ғарбӣ”, “Назар Айлоқ” қитъаи “Шикорхона” ва “Шўроб” барои  то  давраи  солҳои 2015-2021 таҳия гардида, барои тасдиқ пешниҳод шудааст. 
Барои муҳокимаи барномаҳои таҳиягардида ва  тақвияти ҳамкорӣ дар бахши коркарди конҳои ангишт бо даъвати ҷониби Тоҷикистон муовини директори генералии ҶСК «Ростовгипрошахт» Кабаков Анатолий, ноиби  президенти  гурўҳи корхонаҳои Консерни мошинсозии Урали Ғарбӣ Земсков Александр  ва  и.в. директори пажӯҳишгоҳи ҶДММ «Шахтспетспроект»-и Федератсияи Русия Брюзгин Александр ба Душанбе омада, бо муовини Сарвазири мамлакат  Азим Иброҳим мулоқот намуданд.
Тавре  ки дар мулоқот таъкид шуд, аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коркард ва  истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, аз ҷумла ангишт бо назардошти истифодаи технологияҳои нав, ташкили интиқоли ангишт тавассути роҳҳои танобӣ ба хотири ҳифзи роҳҳои мошингард, ки таконбахшандаи рушди дигар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи зарурӣ  зоҳир  мешавад.
Дар вохўрӣ барномаҳои таҳияшудаи соҳа  дар шакли муаррифинома пешниҳод гардида, зикр шуд, ки  дар шароити кўҳсор, хусусан барои саноати ангишти Тоҷикистон ва интиқоли ангишт дар конҳо истифодаи  роҳҳои  ҳавоии  танобӣ нисбат ба тартиби имрўза  бартарии  зиёд  дорад. 
Баъд аз шиносоӣ ва муҳокимаҳои зиёд пешниҳод шуд, ки  барои  ба тарзи саноатӣ ба роҳ мондани коркарди  конҳо ва истихроҷи ангишт  ҳамкорӣ бо ҶДММ “Ростовгипрошахт” идома  дода шуда,    лоиҳаи  интиқоли  ангишт  ба  воситаи  роҳҳои  ҳавоии танобӣ дар конҳо таҳия шавад. 
Таъкид кардан бамаврид аст, ки  истихроҷ ва интиқоли ангишт ба воситаи роҳҳои ҳавоии танобӣ дар конҳо аҳамияти муҳим дошта, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани  роҳҳои мошингард  имконият фароҳам меоварад. 
Бо таъкиди муовини Сарвазири мамлакат ҳолати имрўзаи коркарди конҳо нишон медиҳад, ки қоидаҳои бурдани корҳои истихроҷӣ ба талабот ҷавобгў набуда, таносуби корҳои қабаткушоӣ  ва истихроҷи ангишт дар конҳо риоя намегардад ва “Лоиҳаи коркарди кон”, “Нақшаи рушди корҳои кўҳӣ” ва “Барномаи рушди корҳои кўҳӣ” мавҷуд набуда, корҳо бо усули саноатӣ роҳандозӣ нашудаанд.  Бо назардошти ҳалли саривақтии ин мушкилот  «Барномаи рушд, асосноккунии иқтисодию техникӣ ва тартиби истихроҷу коркарди захираҳои саноатии ангишт» таҳия гардидааст.
    Хотиррасон мешавем, ки солҳои охир дар мамлакат зиёда аз 170  корхонаи саноатию энергетикӣ фаъолияташро бо ангишт ба роҳ монда, талаботи онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 700 ҳазор тонна ангиштро ташкил медиҳад ва бо  ин мақсад  то  соли  2017 ҳаҷми истихроҷи ангишт дар мамлакат бояд ба 1,5 млн. тонна расонида шавад. 

 

 

Июль 11, 2015 05:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд