Роҳандозии пардохти нафақа дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз тариқи кортҳои бонкӣ
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ба ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳои ба он баробар ва боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар ин самт Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти нафақаи 368 ҳазору 435 нафарро дар 38 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 86,9 млн. сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан теъдоди нафақагирон 99 ҳазору 286 нафар ва талаботи моҳона 20,9 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар маҷмӯъ теъдоди умумии нафақагироне, ки то ҳолати 1 июли соли 2015 пардохти нафақаашон аз тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, 59,3 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6 фоиз афзоиш ёфтааст ва то охири соли 2015 пардохти нафақаҳо боз 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






