Роҳбари гурӯҳи террористии «Толибон» Мулло Умар ду сол пеш кушта шудааст
Душанбе, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбари гурӯҳи террористии «Толибон» Мулло Умар ду сол пеш кушта шудааст. Дар ин бора расонаҳои хабарии хориҷӣ бо такя ба манобеи худ хабар додаанд.
Як манбаъ дар ҳукумати Афғонистон рӯзи 29 июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Мулло Муҳаммад Умар — роҳбари ҷунбиши «Толибон»-и Афғонистон фавтидааст. Ин мавзӯъ рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти амниятӣ низ баррасӣ шуда, хабари даргузашти Мулло Умарро Покистон дар ихтиёри Кобул гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл «Маҳоз Фидоӣ» — як гурӯҳи вобаста ба Толибон иддао карда буд, ки Мулло Умар ду сол пеш кушта шудааст. Ин гурӯҳ гуфта буд, ки Мулло Умар аз сӯи Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, дӯст ва муовинаш ба қатл расида буд. Ба гуфтаи Қорӣ Ҳамза, сухангӯи гурӯҳи «Маҳоз фидоӣ», онҳо санад ва мадраке дар даст доранд, ки метавонанд собит кунанд, ки Мулло Муҳамад Умар дигар зинда нест.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






