Рушди бахши коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистон ва Қирғизистон
Душанбе, .07.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сессияи 5-ми омўзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (Hazard Analysis and Critical Control Points — таҳлили хавф ва нуктаҳои қатъии назорат) ва маркетинг дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди бахши коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» аз 7 то 8-уми июли соли 2015 дар толори конфронсии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мегардад.
Дар чорчубаи нишастҳои мазкур сафари омўзишӣ бо иштирокдорони омўзиш ба вилояти Хатлон ташкил мешавад.
Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии British Expertise (Британияи Кабир) ва Иттиҳоди ҷамъиятии муассисаҳои саноати хӯроквории Қирғизистон, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи Осиёи Миёна — Инвест III баргузор мегардад.
Лоиҳа барои рушди корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои коркарди меваю сабзавот ҷалб шудаанд, равона шудааст. Дар тренинг кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олӣ ва роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкории манфиатдор ширкат меварзанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






