Сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ба Чин
Душанбе, 22.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 22 июли соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И озими Чин шуд.
Зимни сафари мазкур, ки то 25 июл идома хоҳад кард, вохӯриҳои С.Аслов бо роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Чин, узви Шӯрои давлатии Чин Ян Чзечи ва бо роҳбарияти Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳоти Чин дар назар аст.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар С.Аслов дар назди доираҳои илмӣ ва коршиносони низоми Академияи илмҳои иҷтимоии Чин суханронӣ намуда, бо рӯзноманигорони Чин мусоҳиба хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






