Саноатчиёни Суғд аз рўи ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ҷои аввалро гирифтанд
Душанбе, 14.07.2015 (АМИТ «Ховар», Тоҳирҷон Искандарзода).- Саноатчиёни вилояти Суғд дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2015 байни минтақаҳои ҷумҳурӣ аз рўи ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ҷои аввалро ишғол намуданд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 2,1 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш 128,2 фоизро ташкил додааст,-гуфт Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд. Рушди соҳаро аз ҳама бештар корхонаҳои саноати коркарди кўҳӣ таъмин месозанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2015 дар вилояти Суғд 76 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1046 ҷои нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуд. Коргоҳҳои нав асосан дар соҳаҳои саноати сабук, хўрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ мебошанд. Мутобиқ ба дурнамои рушди соҳа саноатчиёни вилоят тасмим гирифтаанд дар соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ду баробар зиёд намуда, ба 6 млрд сомонӣ расонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






