«Сармоягузорӣ ба Тоҷикистон- имкониятҳо барои ҳамкории созанда»-форуми байналхалқӣ

Июль 28, 2015 02:25

Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар соли 2015 баландшавии мавқеи мамлакат ба 11 зина аз ҳисоби баҳтаршавии нишондиҳандаҳои  бақайдгирии  моликият ба 3 зина, дастрасӣ ба қарз ба 62 зина ва андозбандӣ ба 15 зина муяссар гардид, -зикр шуд дар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ кумита фаъолияти худро ҷиҳати тақвият  бахшидан ба рушди соҳибкорӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ равона кард. Дар ин замина устувории рушди бахши хусусӣ таъмин гардида аз рӯи маълумот ҳиссаи он зиёда аз 70 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад ва 64,5 фоиз теъдоди аҳолии фаъоли иқтисодиро ба шуғл фаро гирифтааст.
Дар рӯзи таҷлили нахустини «Рӯзи соҳибкор», яъне 14-уми октябри соли 2015 доир намудани Форуми байналмилалии Душанбе-2015 таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба Тоҷикистон- имкониятҳо барои ҳамкории созанда» ба нақша гирифта шудааст.

Июль 28, 2015 02:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад