Сарвазири Ҳинд ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Июль 13, 2015 07:28

            Душанбе, 13.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ 13 июл дар ҷараёни сафари давлатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷмааи  Ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Тоҷикистон ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу  тамаддуни миллати тоҷик   ба пояи муҷассамаи  асосгузори нахустин давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Дар маросими гулгузорӣ Нарендра Модиро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ҳамроҳӣ кард.  Бояд тазаккур дод, ки Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон шоми 12 июл ба Тоҷикистон ташриф оварда, субҳи 13 июл бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба густариш ва тавсеаи ҳамкории  мутақобилан судманди Душанбе ва Деҳлӣ матраҳ гардид. Инчунин имрӯз Сарвазири Ҳиндустон дар Анҷумани  коршиносони  соҳаи кишоварзӣ, ки дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе доир мегардад, иштирок менамояд.  Дар назар  аст, ки Нарендра Моди дар маросими  ифтитоҳи   нимпайкараи Робиндранат Такур —  шоир ва нависандаи машҳури Ҳинд, воқеъ дар кӯчаи «Бухоро»-и Душанбе  ширкат намояд. 

 

 

Июль 13, 2015 07:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад