Шӯрои доимии СААД ҳуҷҷатҳоро дар бораи тақвияти мақоми донишкадаҳои ҳарбӣ мувофиқа кард
Душанбе, 01.07.15. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Дар ҷаласаи Шӯрои доимии СААД лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мувофиқа карда шуданд. Назар ба иттилои сухангӯи СААД Владимир Зайниддинов, аз ҷумла лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо «Дар бораи тадбирҳо оид ба такмили ташкили тарбияи кадрҳои ҳарбӣ дар донишкадаҳои ҳарбӣ ва танзими фаъолияти таҳсилотию илмии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи тадбирҳо оид ба тақвияти мақоми донишкадаҳои ҳарбӣ ва созмонҳои илмии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба вусъат бахшидани таркиботи ҳарбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» мувофиқа карда шуданд.
Аз рӯи натиҷаи баррасӣ тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо барои ворид намудан ба лоиҳаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи СААД тавсия карда шаванд. Ҷаласаи шӯрои СААД таҳти раёсати намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Мирзоев баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки имсол Тоҷикистон дар СААД раис аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






