Силоҳбадастони ДИ мавқеъҳояшонро тарк мекунанд

Июль 27, 2015 04:30

Душанбе, 27.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар  ба  хабари РИА «Новости», артиши  Сурия  ва ҷанговарони  ихтиёриёни халқӣ  дар  канори  шаҳри  Палмира ба ҷангиёни  гурӯҳи «Давлати исломӣ»  якчанд   зарбаи  шадид  заданд. 
Шабакаи  телевизионии ал – Маёдини Лубнон хабар  дод, ки низомиёни Сурия ва  ихтиёриён  баъди  зарбаҳои  муваффақонаи  тайёраҳо  ва  амалиёти артиш қисми  зиёди теппаҳои атрофи  шаҳри  Палмираро  таҳти назорати худ  гирифта, хати  ҷабҳаро  убур  кардаанд.
Шаҳри  Палмира, ки  димнаҳои қадимааш  яке  аз шаш  иншоотҳои  Мероси  умумиҷаҳонии  ЮНЕСКО  дар  Сурия маҳсуб  меёбад, дар  нимаи  моҳи  май  таҳти назорати  силоҳбадастон қарор  гирифта  буд.  Артиши  Сурия  қабл  аз  ақибнишинӣ  аз  шаҳр  қисми зиёди  сокинон  ва муқаддасоти таърихии   осорхонаи  марказии  онро  ба ҷойҳои  дигар  кӯчонид. Баъди истилои  шаҳр  димнаю  маъбадҳои  бостонии онро  хавфи  нобудшавӣ таҳдид  мекунад.

Июль 27, 2015 04:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад