Симпозиуми байналмилалӣ дар Душанбе ва Кўлоб бахшида ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақоми ў
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Баргузории симпозиуми байналмилалии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақоми ў дар тамаддуни Осиёи Марказӣ» рўзҳои 4-7 сентябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Кўлоб ба нақша гирифта шудааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода, 2 июли соли 2015 таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорукоти баргузории Симпозиуми байналмилалии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақоми ў дар тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷараёни омодагӣ ба ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, барномаи корӣ, даъватнома, рўйхати иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот таъкид гардид, ки китобҳои ҷашнӣ бахшида ба 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то санаи 10-уми июли соли 2015 бояд интишор шаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






