Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Дарвоз: маблағи умумии зарар- 1 млн. 208 ҳазору 375 сомонӣ
Душанбе, 27.07.2015 (АМИТ”Ховар”Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)-25-26- уми июли соли равон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сабаби боришоти зиёди борон ва фаромадани сел аз дараи Висхарв ба хоҷагиҳои деҳаҳои Хурк, Убағн ва Бровги ҷамоати деҳоти Вишхарв хисороти зиёди моддӣ расид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Дарвоз Шуҳрат Шоисматов иттилоъ дод. Аз ҷумла, 11 хонаи истиқоматӣ пурра корношоям гардида, 6 хонаи истиқоматӣ қисман ва биноҳои ёрирасон дар ҳаҷми 1 ҳазору 609 метри мурабаъ зарар дида, ба маблағи 548 ҳазору 160 сомонӣ хисорот ворид шудааст. Зарари роҳи мошингарди маҳаллии Висхарв ба масофаи 18 километр ба маблағи 53,5 ҳазор сомонӣ, хати алоқа дар масофаи 1200 метр ба маблағи 7 956 сомонӣ, заминҳои кишти картошка ва дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ ба маблағи 62 ҳазору 890 сомонӣ, хисороти боғҳои мевадиҳанда ба маблағи 44 ҳазору 100 сомонӣ, дарахтҳо ва буттазори дар тавозуни хоҷагии ҷангал буда ба маблағи 162 ҳазору 500 сомонӣ ва хаттҳои интиқоли барқ ба маблағи 289 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд.
Инчунин зарари расида дар қитъаҳои 359, 413 ва 424-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ 12 ҳазору 650 сомонӣ, хатҳои алоқа дар мавзеъҳои Хоб, Ширг, Тоғмай, Сафедара 27 ҳазору 619 сомониро ташкил медиҳад.
Маблағи умумии зарари расида ба хоҷагии халқ ва иншооти инфрасохтори ноҳия 1 млн. 208 ҳазору 375 сомониро ташкил дода, хисороти муайянгардида то санаи 24-уми июли 2015 ба ҳисоб гирифта шуд ва зарари рӯзҳои баъдина ба таври иловагӣ пешниҳод мешавад.
Инчунин рӯзҳои 25-26 июл дар натиҷаи гармии ҳарорати рӯзонаи ҳаво ва баланд гардидани сатҳи оби дараи Висхарв дар деҳаи Хурк тибқи маълумоти пешакӣ қариб 6 хоҷагӣ зери об монда, 2 хоҷагии дигар зери таҳдиди хатар қарор дорад. Барои бартараф кардани ин офати табиӣ комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулода ситоди доимӣ таъсис дода, аз тарафи гурӯҳҳои ифтихории ҷамоат навбатдории шабонарӯзи ташкил шуд. Инчунин аъзои комиссия барои муайян кардани хисороти расида ба хоҷагиҳои зарардида ба ин мавзеъ сафарбар шуданд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз барои тозакунии роҳ 200 литр маводи сӯзишворӣ ва ба хоҷагиҳои зарардида маводи хӯрокӣ, аз қабили орду нон, гӯшт, шакар, макарон, намак, гӯгирд ва дигар маводи озуқаворӣ кумак карда шуд. Аз тарафи Ташкилоти башардӯстонаи «Фокус»-и Амрико дар Тоҷикистон ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз ба воситаи ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Дарвоз барои хонаҳое, ки пурра вайрон гардидаанд, 7 хайма, 20 курпа, 20 курпаи сабук ва 20 сачоқ ҳамчун кумаки яквақтаи моддӣ расонида шуд. Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят барои аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ маводи хӯрокӣ, аз қабили 24 халта орд, 5 халта макарон, 12 халта пиёз, 5 халта ярмаи ҷав, 18 кӯрпача, 8 ҷуфт шиму кастуми кӯдакона, 14 дона болишт, 200 литр равған, 8 халта биринҷ кумак карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки зиёд гардидани сатҳи оби дарёи Висхарв аз рӯзхои 17-18 оғоз гардида, то ба ҳол идома дорад. Гурӯҳи корӣ бахри пешгирии офатҳои табиӣ пайваста фаъолият дошта, сокинони минтақаҳои зери хавф қарор доштаро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, бо хаймаҳои муваққатӣ таъмин кард. Тибқи супориши Сарвари давлат барои зарардидагон 1,5 гектар замин ҷудо гардида, бунёди хонаҳои истиқоматӣ оғоз гардидааст.