Созиши Эрон бо гурӯҳи 5+1 дар мавриди барномаи ҳастаӣ ниҳоӣ шуд
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар мавриди созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора хабаргузориҳои хориҷӣ бо такя ба дипломатҳои эрониву ғарбӣ иттилоъ медиҳанд. Ин созиш дар натиҷаи мулоқоти вазири корҳои хориҷии Эрон ва бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои гурӯҳи «панҷ ба изофаи як» (ИМА, Британия, Франсия, Россия, Чин ва Олмон) дар Вена ҳосил шудааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Федерика Могеринӣ, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард, ки созиш саҳифаи наверо дар робитаҳои байнулмилалӣ боз мекунад ва «баёнгари он аст, ки дипломатия, ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ метавонанд ба робитаҳои сарду танишҳои даҳсолаҳо идомадошта хотима бубахшанд».
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, изҳор намуд, ки Теҳргон ҳеҷ гоҳ дар талоши тавлиди силоҳи ҳастаӣ набуд ва ҳеҷ гоҳ барои ин талош ҳам нахоҳад кард. Ӯ аз созиши ҳастаӣ истиқбол кард ва афзуд, ки «мо метавонем батадриҷ нобоварӣ ба ҳамдигаро аз байн бубарем».
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи «панҷ ба изофаи як» санади садсаҳифагиро таҳия кардаанд, ки дар он ҳама ҷузъиёти шартҳои коҳиши барномаи ҳастаии Эрон ва лағви таҳримҳои байнулмилалӣ оварда шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






