ҶСП «Оби зулол» маҳсулоташро ба Кувайт содирот мекунад
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби зулол» дар марҳилаи аввал маҳсулоташро ба давлати Кувайт ва сипас ба кишварҳои дигари арабӣ содирот мекунад.
Тавре ки дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, масъулини ҶСП «Оби зулол» мӯътақиданд, ки маҳсулоти ин корхона ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ буда, бо ҷоизаҳои марбутаи сифат қадршиносӣ шудааст.
Маросими имзои қарордоди дахлдор бобати роҳандозии содироти обҳои Тоҷикистон ба Кувайт дар радифи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» сурат гирифтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






