Суғд: Ҷамъоварии ғалладонагиҳо вусъат меёбад

Июль 7, 2015 11:58

Суғд, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҳирҷон Искандарзода).-Кишоварзони вилояти Суғд имрўзҳо дар маъракаи муҳими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо қарор доранд. Аз 92 ҳазору 142 гектари кишти ғаллагиҳои хўшадори барои соли 2015 гузаронидашуда, то ба имрўз дар майдони 34 ҳазору 120 гектар дарав гузаронида шудааст, ки 37 дар сади майдони киштро ташкил медиҳад.  Истеҳсоли ғалладонагиҳо то ба имрўз 72 ҳазору 560 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 23 ҳазор тонна  зиёд мебошад.   Аз ғаллагиҳои истеҳсолшуда 47 ҳазору 180 тоннаашро гандум ташкил медиҳад.
Дар ин маъракаи муҳим шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод,  Спитамен, Ҷ. Расулов, Ашт пешсаф буда, нақшаи дарави ғаллагиҳо иҷро ва дар арафаи иҷро мебошад.
    Дар ноҳияҳои наздикўҳӣ дарави ғалладонагиҳо оғоз гардида, рўз аз рўз вусъат мегирад. Ҳосилнокиҳои ғалладонагиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Б. Ғафуров, Спитамен нисбат ба дигар ноҳияҳо зиёд буда, аз 30 то 44 сентнер аз ҳар гектарро ташкил медиҳад.
  Дар майдонҳои аз дарави ғалла баромада чун анъана кишти такрории зироатҳо гузаронида мешавад. То ба имрўз дар вилоят дар майдони зиёда аз 8 ҳазору 200 гектар кишти такрорӣ  гузаронида шудааст.

                  

Июль 7, 2015 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад