Суғд: мусодираи 9 кг маводи мухаддир аз сокини Қурғонтеппа
Хуҷанд, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»,Абдуаҳад Шарифзода).-Мақомоти милитсияи Суғд боз як ҳолати ба фурӯш баровардани наздик ба 9 кг маводи мухаддирро ошкор ва аз муомилот нашъадорро берун намуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи Суғд бо баргузории амалиёти махсус ва дар натиҷаи коркарди ахбори фаврӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе , аз тарафи кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара сокини 62 солаи шаҳри Қурғонтеппа Амиршоҳ Нуров бо гумони хариду фурӯши маводи мухаддир боздошт гардид.
Зимни тафтиш аз гумонбаршаванда 8 кг 843 грамм воситаи нашъадор мусодира шуд, ки аз он 490 граммашро героин ва 8 кг 353 граммашро афюн ташкил медиҳад.
Феълан оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ оғоз шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






