Суғд: прокуратура 255 ҷинояти экстремистиро ошкор кард
Хуҷанд, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар»,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар 5 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 255 ҷинояти террористию ифротгароӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 92 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 236 нафар оғоз ва тафтиш шудааст, ки аз ин миқдор 31 парванда нисбат ба 136 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шуда, алъон 143 нафар айбдоршавандаи ҷиноятҳои ифротгароӣ-террористӣ дар кофтукоби расмӣ қарор дорад.,-зикр намуд 30 июн зимни ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи вилоят прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов. Зикр шуд, ки аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 2875 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Аз ҷониби муфаттишони прокуратураи вилоят 877 парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш қарор дода, тафтиши 514 адад ба итмом расонида шуда, 482 адади он ба суд ирсол шудааст
Ҳабибулло Воҳидов ҳамчунин изҳор намуд, ки аз оғози соли ҷорӣ 650 санҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷа беш аз 5000 нафар, аз ҷумла 1145 нафар шаҳрванд ба ҷавобгарии интизомӣ, 442 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 3590 кас ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






