Суғд: Таъмири беш аз 3000 км роҳ дар соли 2015
Хуҷанд, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Дар вилояти Суғд соли равон тибқи барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод» дар нақша таъмири беш аз 3100 км роҳҳои қаламрави вилоят дар назар аст, ки баҳри амалишавии он аз буҷаи вилоятӣ зиёда аз 91 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Тавре ки аз идораи таъмири роҳҳои вилояти Суғд иттилоъ доданд, то 1 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 1954,26 километр роҳ аз таъмир бароварда шуда, аз он 28,31 км роҳ пурра мумфарш, 675,65 километр роҳи маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, 1250,3 км роҳ шағалпӯш шудааст.
Бояд гуфт, ки соли сипаришудаи 2014 дар қаламрави вилоят дар раванди барномаи мазкур ҳолати беш аз 2800 км роҳ беҳтар гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






