Таҳияи тафсири қонунҳо аз сӯи кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ

Июль 30, 2015 11:14

 Душанбе, 30.07.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар бо мақсади таҳияи тафсирҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тафсирҳои қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва «Дар бораи маориф» гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст. 
    Маҳмад Раҳимзода- директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июл дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки   аз ҷониби кормандони марказ дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои илмӣ, методӣ ва тафсирҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва соҳаҳои дигари идоракунӣ таҳия ва нашр  шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра китобҳои «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир», қисми дуюм, «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқ»,  «Ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ дар ҳуҷҷатҳо» (ба забони русӣ), тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» мунташир гардид. 
  Ҳамзамон Маҳмад Раҳимзода афзуд, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар беш 40 мақолаи илмӣ ва илмӣ -оммавӣ дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ ба табъ расонида шудааст. Инчунин шумораи якуми маҷаллаи илмӣ-таҳлилии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо номи “Қонунгузорӣ” маъмул аст, ба тозагӣ аз чоп баромад.

 

Июль 30, 2015 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад