Таҳияи тафсири қонунҳо аз сӯи кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ
Душанбе, 30.07.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар бо мақсади таҳияи тафсирҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тафсирҳои қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва «Дар бораи маориф» гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст.
Маҳмад Раҳимзода- директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июл дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки аз ҷониби кормандони марказ дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои илмӣ, методӣ ва тафсирҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва соҳаҳои дигари идоракунӣ таҳия ва нашр шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра китобҳои «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир», қисми дуюм, «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқ», «Ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ дар ҳуҷҷатҳо» (ба забони русӣ), тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» мунташир гардид.
Ҳамзамон Маҳмад Раҳимзода афзуд, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар беш 40 мақолаи илмӣ ва илмӣ -оммавӣ дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ ба табъ расонида шудааст. Инчунин шумораи якуми маҷаллаи илмӣ-таҳлилии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо номи “Қонунгузорӣ” маъмул аст, ба тозагӣ аз чоп баромад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






