Тарҷумонӣ- меҳр доштан ба адабиёти ҷаҳон аст
Ҳисор, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Нашриёти «Бухоро» китоби «Дили модар»-ро бо теъдоди 500 нусха дастраси хонандагон намуд. Дар китоб ҳикояву латифаҳои аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷумакардаи шоир, нависанда ва тарҷумон Саидмурод Расулӣ ҷой гирифтаанд. Дар асар ҳикояҳои адибони рус В.Шукшин «Дили модар», В. Биянки «Неруи садои мо», А.Зорин «Номи баланд» хонаданбобу ҷолибанд.
Саидмурод Расулӣ дар баробари адиби сермаҳсул будан боз роҳбарии маҳфили адабии «Истеъдод»-и назди бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисорро ба уҳда дорад. Ӯ муаллифи китобҳои «Олами ҳунар», «Достони Киш», «Қиссаи дил» ва «Ҳимматбаландон» аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






