Ташкилоти қарзӣ асъори хориҷиро пасттар харида, баландтар мефурӯшанд
Душанбе, 25.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Санҷиши дурустии амалиёти бонкӣ дар ташкилоти амонатии қарзии хурд, ки Палатаи ҳисоб дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ бо мақсади назорати истифодаи самараноки маблағҳои пулию асъорӣ ва воситаҳои моддии давлатӣ гузаронид, нишон дод, ки дар аксари ҳолатҳо ташкилоти қарзӣ асъори хориҷиро аз Бонки миллӣ нисбат ба қурби миёнавазни бозор пасттар харидорӣ карда, бо замми фоизи иловагӣ (аз 0,1 то 14%) барзиёд бо қурби баландтар ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ мефурӯхтаанд. Ҳамин тариқ, бо роҳи осон аз ҳисоби захираҳои давлатӣ дар давоми соли 2014 ва то 13 марти соли 2015 мутаносибан ба маблағи 233,9 млн. ва 372,2 млн. доллари ИМА фоида гирифта, ба низоми пулию қарзӣ, ки имрӯз бинобар омилҳои беруна таҳти фишори шадид қарор дорад, таъсири манфии худро расонидаанд. Аз дигар тараф боиси нигаронист, ки амалиёт бидуни риояи қонунгузорӣ, ношаффоф ба роҳ монда шуда, омилҳои коррупсиониро ба миён меоранд.
Санҷиши ҳуҷҷатии фаъолияти молиявии ташкилоти амонатии қарзии хурди ҶДММ “ТАҚХ “Самар” нишон дод, ки аз амалиёти хариду фурӯши асъор фоидаи калон ба даст оварда, андозҳои пешбинишударо дар маҷмӯъ ба маблағи 27,87 млн. сомонӣ ҳисоб ва пардохт накардааст, бинобар ин ҷарима ва фоизи андоз ҳисоб карда шуда, барои барқарор намудан ба буҷети давлатӣ пешниҳод шуд. Ҳолатҳои кам ҳисоб кардан ва рӯйпӯш намудани андозҳо зимни санҷишҳои шабеҳи ташкилоти амонатгузорӣ ва қарзии хурди ҶДММ ТАҚҲ «Баракат», «Сармояи ҳикмат», «Сафӣ», «Сосон», «Бозёфт» ва «Равза» низ ба қадри 2 млн. 95 ҳазор сомонӣ ошкор шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 136, 3 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






