Таъсиси Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ аз ҷониби 57 кишвар

Июль 1, 2015 03:48

Душанбе 01.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-  29 июни соли 2015 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин-шаҳри Пекин маросими имзои Созишнома дар бораи ташкили Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ ва ҷамъомади махсус дар сатҳи вазирони молияи кишварҳои таъсисдиҳанда баргузор гардид. 
 Дар маросими баимзорасонӣ дар шаҳри Пекин намояндагони 57 давлат-таъсисдиҳандагони Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ иштирок доштанд, Тоҷикистонро дар он вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён муаррифӣ кард. 
Гуфта мешавад, вазифаи асосии бонки нави байналмилалӣ рушд додани инфрасохторҳо дар Осиё мебошад, зеро ки бонкҳои мавҷуда-Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё асосан барои барҳам додани камбизоатӣ нигаронида шудаанд. Аз ин рӯ, сохторҳои мазкур бештар якдигарро пурра менамоянд, назар ба он ки миёни ҳам рақобат кунанд. 
Сармояи аввалаи Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ  (БОСИ), тавре ки интизор меравад, 100 млрд. доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Ҳиссаи давлатҳои саҳҳоми БОСИ аз андозаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ вобаста аст. Ҳамчун ташаббускор ва саҳҳоми бузурги БОСИ Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҳиссаи интизории то сатҳи 30%-и сармоя баромад мекунад.  
Дар назар аст, ки қароргоҳи Институти нави молиявӣ дар Пекин ҷойгир шуда, Низомномаи бонк дар нимсолаи дуюми соли 2015 тасдиқ шавад. Оғози фаъолияти расмии БОСИ дар семоҳаи чоруми соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.
Самтҳои афзалиятноки маблағгузорӣ аз ҷониби бонки нав соҳаҳои энергетика, нақлиёт, логистика, инфрасохтори шаҳрӣ ва деҳот мешаванд. Лоиҳаи аввали Бонки Осиёии сармояҳои инфрасохторӣ  (БОСИ) метавонад лоиҳаи чинии Роҳи Бузурги Абрешим шавад. Дар оянда дар назар аст захираҳои молиявии бонкро ба дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ворид кунанд.   
БОСИ ба давлатҳои тараққикунандаи Осиё, аз ҷумла ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки инфрасохторашонро такмил диҳанд ва рушди тез, муназзам ва устувори иқтисодиётро дастгирӣ кунанд, ба кишварҳои мутараққӣ имкон медиҳад, ки талаботи худро нисбат ба сармоягузориҳо васеъ намуда, иқтисодиёташонро ба танзим дароранд.    
Фаъолияти БОСИ ҳамчун ташкилоти нави молиявии байналмилалӣ ба мусоидати рушди инфрасохтори умумӣ ва ҳамгироии иқтисодии давлатҳои осиёӣ равона мегардад, ки ин барои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва кам кардани тафриқаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар миёни кишварҳои минтақа зарур аст.   

Июль 1, 2015 03:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд