Таваҷҷуҳи хориҷиён ба меваю сабзавоти Тоҷикистон меафзояд
Душанбе, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Меваю сабзавоти тозаи Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи намояндагони Палатаи савдо ва саноати мамолики гуногун қарор мегирад. Ин масъала зимни вохӯриҳои силсилавии раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндагони палатаҳои савдои мамлакатҳои дуру наздик пайваста мавриди гуфтушунид қарор дорад,- зикр шуд имрӯз зимни нишасти хабарии Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.
Дар ҳақиқат Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисоди кишвар, дарёфти шарикони тиҷоратӣ, созмон додани корхонаҳои нави муштарак саҳми арзанда дорад.
Дар айни замон барои сайқал додани дониши соҳибкорон ва ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир будани маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мунтазам давраҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






