Телефони боварии Кумитаи кор бо занон ва оила фаъол гардид
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ),- Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ машваратгоҳи равоншиносон ташкил шуда, телефони боварӣ низ ба кор шуруъ намуд, -гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода имрӯз, 24 июл.
Кумита бо мақсади бештар фаро гирифтани аҳолӣ бо машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонии ройгон теъдоди марказҳои машваратӣ-иттилоотии ноҳиявиро ба 110 адад расонид.
Дар шаш моҳи соли 2015 ба кумита 89 аризаи хаттии шаҳрвандон ворид гардида, 631 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.
“Акнун заноне, ки мушкилии хонаводагӣ доранд, метавонанд аз тариқи телефони боварӣ муроҷиат намуда, бо роҳи маслиҳату машварат мушкилашонро бо нигоҳ доштани сирри оила ҳал намоянд”,-гуфт раиси кумита.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






