«Тоҷик Эйр» бо 826 парвози рафтуомад беш аз 154 ҳазор мусофирро интиқол додааст

Июль 7, 2015 11:30

Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» 826 парвози рафтуомад анҷом ёфта, 154 ҳазору 500 мусофир интиқол дода шудааст. Ҳаҷми интиқоли бор 428,4 тоннаро ташкил додааст.  Дар ин бора имрўз, 7 июл зимни  ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2015 вобаста ба фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷик Эйр» қайд гардид.  
Бино ба иттилои котиби матбуотии «ФБД» Маҳмадюсуф  Шодиев  дар ҷаласа бахшҳои иқтисодии корхонаҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, масъалаҳои вобаста ба маркетинг ва масоили иҷтимоии корхонаҳо баррасӣ шуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки новобаста аз бўҳрони иқтисодии кишварҳои пасошўравӣ ва кам шудани шумораи мусофирони ҳар ду корхона роҳҳои баромадан аз бўҳрони иқтисодӣ ва фаъол нигоҳ доштани парки ҳавопаймоӣ, маҷмўи хизмарасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳоро кор карда баромада, дар шаш моҳи сипаришуда ба нишондиҳандаҳои иқтисодии зарурӣ ноил гардиданд.
Дар шаш моҳи соли равон мутахассисони маҷмааи ҳавопаймоӣ-техникӣ савияи тахассуси худро баланд бардошта, 5 муҳандис соҳиби дараҷаи якум 1 муҳандис соҳиби дараҷаи дуюм, 5 техники ҳавопаймо соҳиби дараҷаҳои гуногун гардид. Бозомўзии касбии ҳавонавардон ва тайёр кардани ҳайати парвозӣ доир гардида, барои ҳавопаймои Боинг-737-200- 2 ҳавонаварди дараҷаи дуюм, барои Боинг-737-300- 2  сарҳавонавард ва 3  борт- механик омода шуданд.
Дар фурудгоҳи Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ба 528 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст. Миқдори бор ва почтаи қабул ва интиқолдодашуда 1434 тоннаю 704 кг- ро ташкил кард.   
Дар оянда  корхонаҳо суръати фаъолияти худро суст накарда дар самти беҳтар гардонидани ваъи молиявӣ ва навсозии парки ҳавопаймоҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон чораҳои мушаххас хоҳанд дид.   

Июль 7, 2015 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик