«Тоҷикаэронавигатсия»: мақсад- баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-КВД «Тоҷикаэронавигатсия» барои таҳсили мақсадноки донишҷўён ва такмили ихтисоси мутахассисон беш аз 74 ҳазору 530 сомонӣ сарф намудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ дода шуд.
60 мутахассиси корхона дар самти такмили донишу маҳорат дар курсҳои такмили ихтисос (КТИ) таълим гирифт. Таълим дар заминаи Донишкадаи аэронавигатсияи шаҳри Маскав ва Филиали сибирии Донишкадаи аэронавигатсияи шаҳри Красноярски ФР, Донишкадаи аэронавигатсияи ЕВРОКОНТРОЛ-и Люксембург, Ташкилоти байналмилалии ТРАСЕКА, таълимгоҳи ширкати «Фрекувентис» шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ва МТА КВД «Тоҷикаэронавигатсия» гузаронида шуданд.
Мақсад аз гузаронидани таҷрибаомўзӣ ва таълими ҳайати кадрии сохторҳои мухталифи муассиса, баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва малакаву маҳорати ҳирфавии кормандон аст, ки баҳри баланд бардоштани таъмини бехатарии парвозҳо равона гардидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






