Тоҷикистон қарор дар мавриди оғози маросими қабули Ҳиндустон ва Покистонро ба СҲШ дастгирӣ менамояд
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Тоҷикистон қарор дар мавриди оғози маросими қабули Ҳиндустон ва Покистонро ба Созмони ҳамкории Шанхай дастгирӣ менамояд, ки ин принсипи ошкоро будани cозмони моро инъикос менамояд», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 июл дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки дар ояндаи наздиктарин Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба қатори аъзои баробарҳуқуқи ташкилоти мо дохил мешавад.
«Мо ҳамчунин ҷонибдори таҳкими институти нозиронем ва ба қатори онҳо дохил шудани Ҷумҳурии Беларусро қабул дорем.. Бо қаноатмандӣ тавсеаи гурӯҳи кишварҳои шарикро оид ба муколама ва дар қатори онҳо пайдо шудани Озарбойҷон, Арманистон, Непал ва Камбоҷаро зикр менамоем», — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






