«Тоҷикстандарт»: 10 протокол барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Хуҷанд, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар нимсолаи якум дар 311 субъекти хоҷагидори шакли моликияташ гуногун назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи стандартҳо гузаронида шуда, дар 28 субъекти хоҷагидор аз тарафи мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт» камбудиҳо ошкор шуданд, — гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд Аюбҷон Бобоев.
Баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳру навоҳии вилоят назоратҳои давлатӣ гузаронида шуда, 10 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, вайронкунандагони ҳуқуқ 8400 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Аз оғози сол то имрӯз шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ба 3924 маҳсулоти воридотӣ сертификати мувофиқат додааст.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






