Толибон ҳалокати роҳбарашонро тасдиқ намуданд
Душанбе, 31.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҷунбиши Толибон ҳалокати роҳбари худ мулло Муҳаммад Умар Охундро тасдиқ намуд. Дар изҳороти муштараки Шӯрои роҳбарикунандаи ҷунбиш ва аъзои оилаи роҳбари маънавии толибон дар ин бора хабар дода мешавад.
Ин аввалин вокуниши толибон ба хабарҳо дар бораи ҳалокати роҳбарашон буд. Изҳорот аз номи Забиуллоҳ Муҷоҳид, маъруф ба котиби матбуотии ҷунбиш, бародари мулло Умар мулло Абдул Манон Аҳмад ва писарбузурги мулло Умар Муҳаммад Яқуб интишор шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бархе васоити ахбори омма зимни истинод ба шахсони наздик ба роҳбарони ҷунбиши толибон дар бораи вориси мулло Умар таъйин шудани мулло Ахтар Муҳаммад Мансур хабар дода буданд.
Муаллифони изҳорот тасдиқ менамоянд, ки роҳбарашон тайи 14 соли охир дар қаламрави Афғонистон буд. Аз ин пеш дар мақомоти иктишофии Афғонистон ба журналистон хабар дода буданд, ки мулло Умар соли 2013 дар яке аз беморхонаҳои Покистон дар вазъияти номаълум вафот кардааст.








Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд






