Ҷумъа Давлатов: «Номамро иваз менамоям ва ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорам»
Душанбе, 07.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Дар оянда ном ва насабро иваз намуда, тоҷикӣ мекунам ва ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорам»,-гуфт Ҷумъа Давлатов,-директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти кишвар 7 июл дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе. Мавсуф афзуд, ки то ҳол ба корҳои зиёд банд будам ва вақти холӣ надоштам, то бастаи ҳуҷҷатҳоямро ҷамъ карда, номамро иваз намоям.
Ҳамзамон Ҷумъа Давлатов гуфт, ки то ҳол дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли исмсозии тоҷикӣ тасдиқ нашудааст, яъне хавфи минбаъд иваз кардани исмҳо вуҷуд дорад. Дар ин масъала як чанд мушкилӣ низ ҳаст, таъкид кард Ҷ. Давлатов. Яъне, ном бояд аз се исм иборат бошад ё ду исм, аввал ном навишта шавад ё насаб. Зикр шуд, ки дар баъзе насабҳои тоҷикӣ, бандаки изофии «зода» маъмул буда, ҳам дар насаб вуҷуд дорад, ҳам дар ном ва ҳам дар номи падар, боз номи духтар ё писар бо зода ифода мегардад, масалан Мирзозода Шоҳзода, дар ин маврид касе намефаҳмад, ки кадомаш ном аст, кадомаш насаб.
Дар фарҷом директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти кишвар таъкид кард, ки касе ном ва насабашро иваз намудааст, кори дуруст кардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






