Қурби доллари ИМА дар бозор тамоюли болоравӣ дошт
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар оғози ҳафтаи равон қурби миёнаи муқарраршудаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда бошад ҳам, қурби он дар бозор тамоюли болоравӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 6,67-6,69 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд.
Тавре ки котиби матбуотии БМТ Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, яке аз омилҳои асосии болоравии қурби долл. ИМА-и нақд якбора паст шудани қурби рубли русӣ нисбат ба долл. ИМА дар рӯзҳои охир мебошад. Рубли русӣ аз аввали моҳ 7,8 фоиз ва танҳо дар 8 рӯзи охир 6,0 фоиз беқурб шуд (аз 55,84 рубл то ба 60,22 рубл барои 1 долл. ИМА). Беқурбшавии рубли русӣ асосан аз ҳисоби паст рафтани нархи нафт (аз 57,01 долл. ИМА то 52,87 долл. ИМА барои 1 баррел) сурат гирифта истодааст. Мутаносибан рубли русии нақдӣ дар ин давра нисбат ба сомонӣ низ 5,0 фоиз беқурб шуд (аз 0,1160 сомонӣ то ба 0,1102 сомонӣ барои 1 рубли русӣ),
Ин вазъият ба кам шудани фурӯши рубли русии нақд ва долл. ИМА-и нақд аз ҷониби шахсони воқеӣ сабаб гашта, амалан ба қатъ шудани хариди рубли русӣ бо долл. ИМА-и нақд ва фурӯши долл. ИМА-и нақд дар бозори дохилӣ оварда расонидааст.
Бино ба гуфтаи А.Қурбонов, омили дигар омили мавсимӣ буда, ҳамасола дар оғози моҳи август талабот ба хариди долл. ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродие, ки ба ворид кардани молу маводи талаботи аввалиндараҷа машғул мебошанд, меафзояд. Бахусус, имсол ин давра пас аз тамом шудани моҳи шарифи Рамазон ва хариду фурӯши идона фаро расида, талаботи хариди долл. ИМА-и нақдро ба маротиб зиёд кардааст.
Вазъият зери назорат қарор дошта, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти қарзӣ барои дар ҳудуди 6,52-6,54 сомонӣ нигоҳ доштани қурби хариду фурӯши долл. ИМА-и нақд тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Қурби миёнаи амалиёти хариду фурӯш бо рубли русӣ ва еврои нақдӣ низ паст шуда, мувофиқан 0,1097-0,1108 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,1778-7,1978 сомонӣ ба як евро баробар аст








Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид






