Қурби миёнаи доллар дар бозори нақд муътадил аст

Июль 4, 2015 05:00

   Душанбе, 4.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҳафтаи равон чун чанд ҳафтаи гузаштаи моҳи июн қурби миёнаи доллари  ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ муътадил боқӣ монда, дар ҳудуди то 6,5200-6,5400 сомонӣ муқаррар шуд. 
    Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро дар давоми чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ андаке паст шуда, мувофиқан 0,1158-0,1170 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,2060-7,2420 сомонӣ ба як евро баробар шуд. 

 

Июль 4, 2015 05:00

Хабарҳои дигари ин бахш