“Вахш” -пешсафи сабқати собиқадорон

Июль 23, 2015 02:28

Душанбе, 23.07.2015.(АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дар  мусобиқа байни дастаҳои собиқадорони футболи Тоҷикистон рӯзи 19 июл ду бозии даври чорум баргузор шуд. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ  дастаи собиқадорони “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро қабул кард. Ёдовар   мешавем, ки  устодони тӯби чармини кӯлобӣ муваффақ нашуданд, ки бозиро ба фоидаи худ анҷом кунанд ва дар натиҷа бо ҳисоби бузурги 3 бар 6 шикаст хӯрданд. Баъди ин ғалаба дастаи собиқадорони “Вахш” бо 10 имтиёз мақоми худро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар гардонид.
Дар бозии дигари ин давр ду дастаи пойтахт “Рамис-Испечак” ва  “Динамо” бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Бозии шавқовари дастаҳои собиқадор бо ҳисоби 5 : 2 ба  анҷом  расид.
Бозиҳои даври панҷуми мусобиқа рӯзи  25 июл доир мешаванд. Дар ин давр пешсафи ҷадвали мусобиқа дасти  “Вахш” дар майдони худ “Рамис-Испечак”-ро қабул мекунад. Дастаи  Собиқадорони “Равшан” ба  шаҳри Хуҷанд сафар карда, дастаи  “Динамо”-и пойтахт дар Душанбе бо “Трикотажчӣ”-Истаравшан рақобат мекунад.

Июль 23, 2015 02:28

Хабарҳои дигари ин бахш