Варзиш-зидди гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротгаро
Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади таҳким бахшидани дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию маърифатнокӣ ва пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонону ноболиғон ба ҳар гуна равияҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз 16 то 23 июли соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД дар байни зиёда аз 120 ҷавону навраси минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили футболи хурд, тенниси рӯи миз, шоҳмот, шашка ва шиноварӣ баргузор гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки баъди анҷоми чорабиниҳои варзишӣ ғолибон муайян гардида, иштирокдорон дар осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
Ҳоло мусобиқаҳои волейбол ва варзиши сабук байни варзишгарони наврас ва ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






