Вазири корҳои дохилӣ аз шуъбачаи милитсияи деҳоти Язгулом дидан кард

Июль 27, 2015 04:31

Душанбе, 27.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро 26 июл зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба Шуъбачаи милитсияи деҳоти Язгулом рафта, бо шароит ва ҷараёни хизмати кормандони шуъбача шинос шуд. Шуъбачаи милитсияи деҳоти Язгулом таъмиру таҷдид гардида, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. 
Зимни боздид вазири корҳои дохилӣ бо ҳайти шахсии Шуъбачаи милитсияи деҳоти Язгулом суҳбат намуда, аз аҳвол ва мушкилоти кори онҳо пурсон шуд ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сафари вазири корҳои дохилӣ ба ВМКБ идома дорад. 

Июль 27, 2015 04:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад