Вазорати адлия чорабиниҳои Соли оиларо дар сатҳи баланд гузаронид
Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо шуъбаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар вилоятҳои ВМКБ, Суғд ва Хатлон, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе чорабиниҳоро бахшида ба «Соли оила» дар сатҳи баланд гузарониданд.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ ба истеҳсолоти иҷрочиёни судҳо 25 ҳазору 560 ҳуҷҷати иҷро ворид гашта, бо назардошти 5 ҳазору 037 истеҳсолоти аз соли гузашта боқимонда иҷрои 19 ҳазору 120- тои он таъмин шуд.
Гуфта мешавад, ки Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо дар давоми шаш моҳи соли 2015 93 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 4 ҳазору 528 шартномаи гаравро ба қайди давлатӣ гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






