Вазорати маориф ба омӯзгорони забони англисӣ, русӣ ва математика ниёз дорад
Душанбе, 6.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дар соли таҳсили 2015-2016 аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф барои 3715 нафар омӯзгор дархост пешниҳод гардид, ки аз он дар ВМКБ 163 нафар, вилояти Хатлон 777 нафар, вилояти Суғд 956 нафар, шаҳри Душанбе 446 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1373 нафар ба қайд гирифта шудааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ваколатдор дар соҳаи маориф ва илм дар шаш моҳи соли равон дар ин самт корҳои муайянро ба анҷом расонид,- зикр шуд дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар имрӯз, 6 июл.
Эҳтиёҷоти мазкур асосан аз фанҳои забони англисӣ, русӣ, математика, забон ва адабиёти тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, санъати тасвирӣ, суруду мусиқӣ ва география мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






