ВКД ба мардуми Рашт маводи хӯрокӣ ва оби нӯшокӣ фиристод
Душанбе, 27.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз барои мардуми маҳалҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт маводи хӯрокворӣ ва оби нӯшокӣ фиристода шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ ба мардуми деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарфи ноҳияи Рашт, ки рӯзи 20-уми июл дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ба деҳаҳои мазкур ярч фаромада, хонаҳои истиқоматиро вайрон карда, ба амволи сокинон ва роҳу барқ зарари ҷиддӣ расонид, кумаки моддӣ дастрас кард
Аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилӣ ба сокинони деҳаҳои мазкур 1 тоннаву 800 килограмм орд, 1 тоннаву 100 килограмм қанд, 650 килограмм равған ва 6 тоннаву 785 литр оби ошомиданӣ, дар маҷмӯъ 10 тоннаву 335 килограмм маводи хӯрокӣ ва оби нӯшокӣ ёрӣ расонида шуд.
Ҳамчунин барои мардуми зарардида аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилӣ ҳар рӯз хӯроки нисфирӯзӣ — оши палов омода гардида, ба онҳо тақсим карда мешавад.
Кормандони милитсия дар ноҳияи Рашт ҳамеша дар паҳлӯи сокинони осебдидаи деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф қарор дошта, дар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба онҳо кумаки худро расонида истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






