ВКД ҶТ: Ҷиноятпешагон нияти тарконидани 12 шуъбаи ВКД-ро доштанд

Июль 24, 2015 09:09

Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, ки нафаре бо лақаби «Абусаид»- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ба ном «Давлати Исломӣ» шомил шуда, ба муқобили сохти конститутсионии давлати Сурия чангида истодааст.
Бо супориши  Абусаид нафарони бовариноки ҷиноятпеша дар атрофаш ҷамъ омада, қасд доштаанд, ки дар даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон 12 бинои шуъбаи ВКД-и кишварро тарконанд.
Хушбахтона, ин нияти нопоки онҳо дар  натиҷаи амалиёти фаврии кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД пешгирӣ шуд ва ду нафар гумонбари  асосии ин ҷинояти тахрибкорона  муайяну дастгир шуд.
Шахрванд Бобоҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1990, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи кӯчаи 50-солагии шаҳри Душанбе мебошад. Номбурда дар бозори «Корвон» ба соҳибкорӣ машғул буда, шароити зиндагиаш хуб будааст. Ӯ тавассути интернет ба шабакаи иҷтимоии «Однокласники» пайваст шуда, бо Абусаид ном шахс шиносоӣ пайдо мекунад.
Абусаид ба Бобоҷон наворҳои дорои хусусусияти экстремистиву террористиро тавассути Интернет  равон намуда, Бобоҷони гумроҳро ба харобкорӣ ҷалб кардааст. Новобаста аз гумроҳию кирдори хато ва ҷинояткоронаи Абусаид Бобоҷон ӯро «устод»-ва«роҳбар»-и худ интихоб намуда, ҳатто розӣ шудааст, ки барои фаъолияти ҷинояткоронаашро  идома додан бо супориши ба ном устодаш бо мақсади ҷиҳод ба давлати Сурия равад. Вале аз нигоҳи Абусаид метавон ҷиҳодро дар қаламрави ҶТ низ амалӣ кард.
Бобоҷон беандешаву гумроҳ гардида, ба «роҳбар»-и худ ваъда додааст, ки супоришҳои ӯро бо чӣ гуна роҳу воситае, ки набошад, бе чуну чаро иҷро менамояд.
Ба мисли Бобоҷон пайравону ҳаммаслакони Абусаид на як ё ду нафар будаанд, балки ба ин монанд шахсони бовариноки Абусаид тибқи маълумоти фаврии ба даст омада дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «лақабҳои Рӯдакӣ» «Рӯдакӣ Муҳаммад» ва «Файзобод» шинохта мешаванд. Тибқи супориши Абусаид чунин нафарон бо Бобоҷон робита карда, бояд ӯро ҳамчун роҳбару пешвои худ интихоб намоянду ҳар он амру супорише, ки ба онҳо дода мешавад, иҷро намоянд. Вале онҳо ба ин нияти нопоки худ нарасида, дастгир шуданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ин ҷинояткорон дастгоҳу ашё ва дигар маводи тарканда, ки ҳангоми содир кардани таркишҳо истифода мекарданд, 10 балони кислород, меху табар ва дигар металҳо, ки ба шиддатнок гардидани таркиш ва таъсири зиёд расонидани он ба биноҳо истифода карданӣ буданд, мусодира шудааст.
Модари Бобоҷон ин кирдори нобахшиданӣ ва ҷинояткоронаи фарзандашро маҳкум намуда, ба кормандони милитсия барои пешгирии амали хиёнаткоронаи фарзандаш миннатдорӣ карда, пушаймон аст, ки чунин фарзанди ношоиставу бадкирдорро ба камол расонидааст.
Илова бар ин, зимни тафтишот маълум гардид, ки Бобоҷони Раҷабалӣ мақсад доштааст шаҳрванд Садриддин Ҷабборов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки ёрдамчии бевоситаи Бобоҷон буд, барои иштирок дар  воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба  давлати Сурия равон кунад. 
Агар фаъолияти натиҷабахши кормандони ВКД намебуд, Садриддин Ҷабборов низ фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шуда, рӯзгори осоиштаву ором, ватани ободу зебо, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, ба гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ пайваст мешуд.
Ҳамин тариқ, ин ҷинояткорон бо амалӣ кардани мақсади ҷиноии хеш мехостанд вазъи орому осоиштаи кишвари азизамонро халалдор намоянд ва бо рўҳи бегонапарастӣ ва маблағгузории аҷнабиён ба миллату Ватани худ хиёнат кунанд.
Вале онҳо боздошт  шуда, ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. 

 

 

Июль 24, 2015 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!