ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
ҲИСОР, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор 43 сардхонаи замонавӣ бунёд карда шудааст, ки дар онҳо метавон 10 ҳазору 750 тонна маҳсулоти кишоварзиро ҷой дод. Дар айни замон захиранамоии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин сардхонаҳо идома дорад. Ин сардхонаҳо бо мақсади кам кардани талафот, нигоҳдории меваю сабзавот ва нигоҳ доштани мувозинати нархи маҳсулот дар бозорҳо бунёд шудаанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Дар шаҳри Ҳисор нақшаи тадбирҳои омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар фасли зимистони солҳои 2025-2026 таъсис дода шуд.
Барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» дар соҳаи маориф то имрӯз зиёда аз ҳазор тонна ангишт, 525 метри мукааб ҳезум ва 7798 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.
Талаботи муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ барои тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт, 525 метри мукааб ҳезум ва 7798 литр сӯзишвории дизелӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор аз 43 буғхона 23 адади он дар ҳолати корӣ қарор дошта, 142 гармкунаки барқӣ ва 2136 бухорӣ ба фасли зимистон омода мебошанд.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода аз ҳисоби буҷети шаҳри Ҳисор барои хариди ангишт ва ҳезуму сӯзишворӣ ду миллиону 716 ҳазору 229 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор тибқи маълумоти дастрасшуда 45 метри мукааб ҳезум, 200 тонна ангишт ва 1600 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Инчунин 34 генератори барқдиҳанда, 200 гармкунаки барқӣ ва 165 бухорӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Дар шаҳри Ҳисор 23 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба хати озоди барқ пайваст мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






