Вохӯрии ҷавонони фаъоли ВМКБ бо Раҳимзода Рамазон
Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо гурӯҳи ҷавонони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргаштаанд, вохӯрд.
Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонону донишҷӯёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вилояти Суғд сафар намуда, тайи се рӯз дар меҳмонии сокинони шаҳри Хуҷанд қарор доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ изҳор намуд, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат баҳри шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст, то ҷавонон, ки неруи созандаву бунёдкори ҷомеа маҳсуб мешаванд, қувваю тавоноии худро барои созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созанд».
Ҷавонону донишҷӯён аз ташкили сафар ба вилояти Суғд ва чунин як вохӯрии судманд ба вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҷавонон баъди бозгашт аз вилояти Суғд аз пойтахти Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони истиқлол дидан карда, боғи «Ирам»-и пойтахт, Маркази Исмоилия, Осорхонаи миллӣ, Парчам, Нишон, Рамз ва Кохи Наврӯзро тамошо намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






