Вуруди беш аз 73 млн доллар ба буҷети кишвар аз ҳисоби туристон
Душанбе, 30.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар шашмоҳаи якуми соли 2015 ба Тоҷикистон 177 ҳазору 186 шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард. Аз ин нишондод 147 ҳазору 265 нафараш сайёҳ мебошад.
Ба гуфти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 147 ҳазору 265 туристи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 73 млн. 632 ҳазору 500 доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст. Дар шашмоҳаи якуми соли 2014 ин нишондод 74 ҳазор туристи хориҷиро ташкил медод, ки ба иқтисодиёти мамлакат 37-миллион доллари амрикоӣ маблағ ворид гардида буд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 73 ҳазору 265 нафар зиёд мебошад, афзуд Абдуллозода.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






