Як шоҳзодаи Саудӣ 32 млрд доллари дороияшро ба созмонҳои хайрия мебахшад
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Пойгоҳи хабарии «Тулӯъ нюс» бо такя ба гузориши хабаргузории Фаронса иттилоъ медиҳад, ки Валид ибни Талол шоҳзодаи миллиардери Арабистони Саудӣ эълом доштааст, тамоми сарвати худро бо арзиши 32 миллиард доллари амрикоӣ сарфи фаъолиятҳои хайрия мекунад.
Шоҳзода дар баёнияи худ гуфтааст, ки ин пул барои афзоиши дарки қишрҳои мухталиф аз фарҳангҳои гуногуни онҳо, рушди ҷомеа, беҳбуди вазъияти занон дар ҷомеа, парвариши ҷавонон, имдодрасонӣ ба манотиқи маҳрум ва сохти ҷаҳонии беҳтар истифода мешавад. Ҳамчунин, ӯ афзудааст: «Ин аҳдоф бо барномарезии дақиқ ва тарҳи ҷомеъ дунбол мешавад».
Алвалид ибни Талоли 60 — сола ба ин нукта ишора кардааст, ки сарваташ ҳатто баъд аз марги вай сарфи фаъолиятҳои башардӯстона мешавад. Ӯ фарзанди Талол ибни Абдулазизи 83-сола мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






