Захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои давраи тирамоҳу зимистон

Июль 23, 2015 02:27

Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои давраи тирамоҳу зимистон нақшаи чорабиниҳоро тартиб додааст. Аз  тарафи кормандони ин ташкилот ба миқдори 10 ҳазор тонна молу маҳсулот, аз ҷумла  3600 тонна пиёз, 3700 тонна картошка, 200 тонна меваи тоза, 800 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 220 тонна зироати полезӣ ва 2230 ҳазор қуттии шартӣ консерва захира мешавад.
Аз ҷумла, барои таъмини аҳолии шаҳри Душанбе 900 тонна пиёз ва 700 тонна картошка захира мешавад. Нақшаи захираи ангишт барои ин давра 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо корхонаҳои истеҳсолкунандаи ангишт ба миқдори зиёда аз 13 ҳазор тонна шартномаҳо баста шуда, ҳоло воридоти он ба соҳа зиёда аз 1600 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» иттилоъ доданд.

 

Июль 23, 2015 02:27

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд