«Зан мазҳари покизагист»-озмун бахшида ба Соли оила
Файзобод, 04.07. 2015. (АМИТ “Ховар”, Субҳониддини Маҳмуд).- Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Файзобод бахшида ба эълон гардидани Соли 2015 чун соли оила озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Зан мазҳари покизагист» ва «Гуларӯсак»-ро дар байни гулдухтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳия доир намуд.
Озмунҳои мазкур барои пойдории оилаҳо, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, танзими муносибатҳои оилавӣ, ҷалби духтарон барои идомаи таҳсил, касбомӯзӣ, баланд бардоштани санъату маданияти либоспӯшии занону духтарон ва нагаравидан ба гурӯҳҳои иртиҷоию ифротгаро равона гардиданд.
Дар озмун донишҷӯи бахши якуми Омузишгоҳи тиббии ноҳия Лайло Раҳмонова сазовори ҷои якум гардид. Ғолибони озмунҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






