6 ҳазор қоидавайронкунӣ дар ду рӯз ошкор шудааст

Август 24, 2015 06:01

Душанбе 24.08.2015, (АМИТ «Ховар»).- Рӯзҳои истироҳатии гузашта кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди мамлакат барои пешгирӣ кардани садамаҳо ва дигар ҳодисаҳои нохуши автомобилӣ маҷмӯи чорабиниҳоро амалӣ карданд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар давоми ду рӯз дар қаламрави кишвар 6 ҳазору 903 ҳолати вайронкунии қоидаи ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла, 44 ҳодисаи рондани мошин дар ҳолати мастӣ, 263 ҳодисаи рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 51 ҳодисаи итоат накардан ба кормандони милитсия, 25 ҳодисаи рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ, 192 ҳодисаи аз меъёр зиёд истифода шудани мошинҳо дар қатораи туй, ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ки аз ВКД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рӯзи 22-юми август  3 ҳазору 563 қонунвайронкунӣ ва рӯзи 23-юми август  3 ҳазору 340 қонунвайронкунӣ аз тарафи ронандагони васоити нақлиёт содир шудааст. 

Август 24, 2015 06:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд