850 ҳазор кӯдак дар Яман аз норасоии ғизо азият мекашанд
Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Маҳмудзода). — Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки бар асари даргириҳои шадид дар Яман 850 ҳазор нафар кӯдак дучори норасоии ғизо гардидаанд.
Ба иттилои расонаҳои хориҷӣ гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид бо зикри ин матлаб изҳор доштааст, ки тибқи бароварди онҳо дар Яман 850 ҳазор кӯдак аз норасоии ғизо мавриди азият қарор гирифта, 14 миллион аҳолии ин кишвар ба маводи ғизоӣ дастрасии кофӣ надоранд.
Ба гуфтаи ӯ гурӯҳҳои мусаллаҳ маҳалҳои истиқоматии ғайринизомиёнро дар Яман муҳосира кардаанд ва аксар вақт ба вуруди кумакҳои башардӯстона монеъ мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






